Isloh
  FITNA
 

Салафия  эчоди тафрика


Салафиҳо кистанд?

 
Сўҳбат бо Ҳочй Акбар Тўрачонзода.


Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Салафия аз назари луғат пайравони аҳли салафро гўянд. Аҳли салаф бинобар ичмоъи уламои ислом насли се қарни аввали таърихи ислом аст. Насли мусулмони се асри мазкур ба таъбири Пайғамбари ислом, саллаллоҳу алайҳи васаллам, «хайру-л-қурун», яъне беҳтарин насли қарнҳои исломй ҳастанд. Салафиҳо имрўз ба се гурўҳ тақсим мешаванд. Гурўҳи аввал, салафиҳои чиҳодй, ки созмони «Алқоида» аз чумлаи он аст. Гурўҳи дуввум, «мадхалй», ки пайравони Рабеъ ибни Ҳодии Ал-Мадхалй ҳастанд. Ин тоифа бо оилаи Оли Саъуд аз солҳои бистум тавофуқе доранд, ки сиёсат ва давлатдорй дар ихтиёри оилаи Оли Саъуд ва фатвою корҳои динй дар ихтиёри пайравони ин мазҳаб аст. Ин тоифа дар ҳама ҳолат аз ҳукумати Сауъдй тарафдорй мекунад. Гурўҳи сеюм салафиҳои «сарварй» аст, ки пайравони Муҳамамд ибни Зайнулобидини Сарварй ҳастанд. Ин тоифа нисбатан мўътадиланд.
 

Гурўҳи чавонҳое, ки имрўз худро салафй меноманд, дар ҳақиқат салафй нестанд, зеро аксари касоне, ки дар таърих бо номи салафй зикр шудаанд, аз фатвои мучтаҳидони хеш тақлид ва пайравй мекарданд ва худро пайрави мазҳаби ҳанбалй меҳисобиданд. Ҳатто Шайхулислом Ибни Тайимия низ худро дар фиқҳ пайрави мазҳаби Аҳмад ибни Ҳанбал медонист. Дар ҳоле, ки салафиҳои имрўза бо шиори «Мо фақат ба Қуръону суннат амал мекунем», тақлид ба мазҳабҳоро ночоиз ва ҳаром меҳисобанд. Аз ин рў, бисёре аз олимони муосир мисли Аллома Рамазон Бутй дар китоби машҳури худ «Ал-ломазҳабия ахтару бидъатин туҳадидул ислома» (Бемазҳабй хатарноктарин бидъатест, ки исломро таҳдид мекунад) онҳоро мубтадй ва бемазҳаб хонданд.

 

 

Бидъат будани бемазҳабй ба хотири он аст, ки реша аз Қуръону суннат ва ичмои уммат надорад. Аммо тақлид ба мазҳаб, ки шеваи пайравони чор мазҳаби аҳли суннат ва чамоат аст, ҳам бо Қуръону суннат ва ҳам бо ичмоъи уммат собит гаштааст. Пас ин гурўҳ худро бояд на салафй, балки «халафй» ё «бемазҳаб» гўянд. Зеро дар ҳақиқат онҳо пайравони мазҳаби «бемазҳабй»-и Носириддини Албонй ҳастанд, ки эшон зодаи асри бист мебошад. Баъзе аз уламо ин тоифаро пайравони мазҳаби «ҳавою ҳавас» номидаанд. Ман низ онҳоро чунин меҳисобам.

Дар ҳақиқат, маҳз пайравони мазоҳиби чоргонаи аҳли суннат ва чамоат салафй ҳастанд, зеро поягузорони ин чор мазҳаб, яъне Имоми Аъзам, Имом Шофеъй, Имом Аҳмад ибни Ҳанбал ва Имом Молик, раҳматуллоҳи алайҳим ачмаъин, аз чумлаи аҳли салаф буданд, яъне дар се асри аввали ислом зиндагй кардаанд.

 

- Устод, беҳтар аз мо медонед, ки чомеа ба истилоҳ зоҳирбин аст ва дар аксари ҳолат бардоштҳову натичагириҳои аҳли чомеа бар пояи зоҳири ин ё он масъалаву падида сурат мепазирад. Аз ин дидгоҳ, тафовутҳои зоҳирии салафиҳо бо пайравони Аби Ҳанифа (раҳмати Худо бар ў бод!) кадомҳоянд?

 

 

-Тафовути мазҳаби салафиҳои имрўз бо мазҳаби ҳанафй дар умури ақоид низ вучуд дорад, вале дар фурўъот зиёдтар аст. Мисли баланд гуфтани омин, бардоштани дастҳо дар ҳар такбир, гузоштани дастҳо дар болои сина дар вақти намоз, аз ҳадд зиёд кушод доштани пойҳо дар намоз, нахондани Қуръон дар сари қабр барои арвоҳи гузаштагон, мухолифат бо барпо кардани маҳфилҳои мавлуди Паёмбари ислом, хайру садақаҳои маъмулии кишварамон ва ғайра.

Дар масоили ақидатй мо, пайравони мазҳаби ҳанафия, аз Имом Мотуридии Самарқандй пайравй мекунем, вале ин гурўҳ ҳазрати Имом Мотуридиро ҳатто кофир мегўянд ва пайравонашонро гумроҳ меҳисобанд. Онҳо ҳатто пайравони мазҳаби шофеиро, ки дар масоили ақидатй аз Имом Ашъарй пайравй мекунанд, низ гумроҳ меноманд. Оё вақте ки гурўҳе имоми моро кофир ва пайравони онро, яъне моро, гумроҳ меномад, оё ин боиси ихтилоф дар чомеа намешавад?

 

Бидъат ва ҳаром эълон кардани чашни мавлуди Паёмбар, алайҳиссалом, магар норозигиро ба вучуд намеорад. Ҳол он ки чашни мавлуди Пайғамбар як амали мустаҳабб, яъне савоб аст. Магар мумкин аст, ки фарди мусулмон чашни мавлуди Паёмбари исломро бидъат ва ҳаром ҳисоб кунад? Хусусан, дар ин асру замон, ки намояндагони дину мазҳабҳои дигар бо ифтихор зодрўзи паёмбарони худро чашн мегиранд.

 

Чашни мавлуди Паёмбари ислом аз чор амал иборат аст:

 

1- Саловот фиристодан, ки амри қуръонист.

 

2- Амри маъруф ва наҳйи мункар, ки он низ амри қуръонист.

 

3- Ёдоварй аз таърихи ҳаёти Пайғамбар, ки бо ривояти саҳобањои Паёмбари Худо машрўъ шудааст.

 

4- Додани таъом, ки он низ амри хайр ва савоб аст ва аз Қуръону суннат далел дорад.

 

Ба ғайр аз ин чор унсур дар чашни мавлуд боз чй амалҳое анчом мешавад, ки ин гурўҳ чашни мавлудро ҳаром мегўянд? Дар бораи машрўъияти чашни мавлуди Пайғамбари Худо даҳҳо рисола аз чониби уламои машҳури мазҳабамон ва дигар мазҳабҳои исломй навишта шудаанд. Чаро бояд ҳамаи мусулмонҳо ҳатман аз дидгоҳҳои Албонй пайравй кунанд?

 

Ин гурўҳ тиловати Қуръонро дар болои қабр ҳаром мегўянд, ба арвоҳи гузаштагон расидани савоби тиловати Қуръонро радд мекунанд ва ҳамчунин хайру эҳсонро. Чуноне, ки пештар ваҳҳобиён чунин даъво доштанд.

 

- Бо ин ҳисоб метавонем бигўем, ки салафиҳо ва ваҳҳобиҳо як ҳастанд?

 

- Бале, ин ду як гурўҳанд. Имрўз ваҳҳобиҳо акнун ба номи салафй, яъне дар ниқоби чадиде арзи ҳастй кардан мехоҳанд. Аммо воқеан ин салафиҳои имрўз ҳамон ваҳҳобиҳои пешинаанд. Ҳеч фарқе байни ин ду гурўҳ нест.

 

- Як суол пеш меояд, модоме ки салафиҳо ва ваҳҳобиҳо як бошанд, чаро бархе аз маќомоти кишвар, ки чанде пеш ваҳҳобиҳоро бо садҳо гуноҳҳо бадном карда буданд, имрўз ба чойгузини он гурўҳ, яъне ба салафиҳо назари хайрхоҳона доранд?

 

- Ман ҳам шунидам, ки имрўз баъзе намояндагони доираҳои қудратии мо мегўянд, ки салафиҳо барои амнияти кишвар хатар надоранд. Аммо мантиқ ин аст, ки ба вучуд омадани ҳар гуна ихтилоф ва реша дар таассуб доштани он ба сари худ хатари чиддист, ки чомеаро таҳдид мекунад. Чудой байни чомеа магар ба амнияти кишвар хатар надорад? Ман дар тааччубам, ки чаро онҳо ду сол пеш дар мавриди пайдоиши салафия расман бонги хатар мезаданд, аммо имрўз назарашон якбора тағйир ёфтааст.

 

Солҳои 80-уми асри гузашта низ дар Точикистон нуфузи эшонҳо ва домуллоҳои суннатй хеле зиёд шуда буд ва обрўи фавқулодда байни мардум доштанд ва масчидҳои расмй наметавонистанд ба онҳо рақобат кунанд. Ҳамон вақт ваҳҳобиҳо мисли салафиҳои имрўза дар муќобили эшонҳо ва домуллоҳои бонуфуз истифода шуда буданд. Нирўҳои қудратии Шўравй дар он вақт хостанд, ки аз нирўи ин чавонон, ки эшонҳоро ҳаромхўр ва маросимҳои худой ва садақаро ҳаром меномиданд, истифода баранд.

 

Имрўз низ шояд баъзе файласуфони атеист ва радикалҳои дунявй, ки душманй ба дини ислом доранд ва дар фазои идеологии кишвар пуртаъсир ҳастанд, аз он ки ҳоло уламо ва эшонҳо дар чомеа нуфуз пайдо кардаанд ва масчидҳо лабрез аз чавонони намозхон шудаанд ва духтарҳо бо вучуди фишорҳои зиёд ҳичоби исломиро риоят мекунанд, бисёр нороҳат шуда, шояд ба баъзе масъулини қудратии кишвар чунин тавсияҳо дода бошанд, ки бояд аз ин гурўҳи навбаромад дар муќобили домуллоҳои бонуфузи кишвар истифода шавад. Ман яке аз сабабҳои эҳтимолии тағйири мавқеъро дар ҳамин мебинам. Агар сабаби дигаре бошад, ман намедонам.



   Чаро салафиҳо махсусан зидди пайравони мазҳаби шиъа муборизаи шадид мебаранд?

ба ин  сафҳа мурочиат  кунед

http://tojikontj.blogspot.com/2008/05/blog-post_03.html



САЛАФИЯ — ИДОМАИ ВАҲҲОБИЯ

Пеш аз он ки ба ин суолхо рушани андохта шавад, хотираи хонандаро барои ёдоварии як нукта мутаваччех бояд сохт, ки дар солхои 80-90 асри гузашта дар Точикистон гурўҳе зуҳур карда буд, ки онро бо номи “ваҳҳобй” ёд мекарданд. Агарчи он вактхо сарвари гурўҳи мазкур Абдуллохи Нурй ваххоби будани худ ва гурухи худро рад мекард ва дар хама чо худро “ханафи” эълон мекард ва умуман хеч гуна иртиботе ба уламои ваххоби дар Саъуди хам надошт. Вале катъи назар аз инкори Абдуллохи Нури аз ваххоби будани харакаташ боз хам у ва гурухашро иттихом ба “ваххобият” мекарданд. Хатто Турачонзода дар мусохабаи ахири худ гурухи “салафи-хаворичи”-и навзухурро ба харакати исломии солхои навадум рабт дода, инхоро дунболаи он хондааст, ки ин даъвои Турачонзода комилан галат аст. Зеро хамин Турачонзода дар чандин маколахо ва мусохибахои худ вучуд доштани “ваххоби”-ро дар Точикистон дар солхои 80-90 инкор карда буд. Чаро Турачонзода мавкеъи собики худро инкор ва такзиб мекунад?!

 

Аммо гуруххои навзуҳур, ки худро пайрави салафи солех мепиндоранд, аз он гурухи солхои 80-90 фарқ мекунанд. Ин гурух асосан тамоюли хаворичи дорад. Ва аксари мусалмонхоро ба куфр ва ширк хукм мекунанд, оятхо ва хадисхоеро, ки дар шаъни кофирон ва мушрикон нозил шудааст, дар хакки мусалмонхо хамл мекунанд. Абдуллох ибни Умар (р) “Хаворич”-ро аз чумлаи бадтарин офаридахои Худованд мехисобид. У мегуфт: “Ин гурух (хаворич) оятхоеро, ки дар шаъни кофирон нозил шудааст болои муъминон хамл мекунанд” (Бухорй, боби талаби тавба аз муртадон).

ба ин  сафҳа мурочиат  кунед

http://tojvar.wordpress.com


 
   
 
This website was created for free with Own-Free-Website.com. Would you also like to have your own website?
Sign up for free