Isloh
  HADITH
 
1  Аз Анас ибни Молик ва аз Абумусои Ашъарӣ (Худо аз ҳар ду хушнуд бод) ривоят аст, ки Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Мусулмоне ки Қуръон мехонаду аз рӯи он амал мекунад, монанди турунҷ аст, маззааш ширину бӯяш хуш аст. Ва мусулмоне ки Қуръон намехонаду аз рӯи он амал мекунад, монанди меваи хурмост, маззааш ширин асту бӯй надорад. Ва масали мунофиқе ки Қуръон мехонад, монанди гули райҳон аст, бӯяш хушу маззааш талх аст. Ва масали мунофиқе ки Қуръон намехонад, монанди меваи ҳанзал аст, маззааш талх ё палид ва бӯяш нохуш аст. («Саҳиҳ»-и Бухорӣ; 5059 ва «Саҳиҳ»-и Муслим; 797.)


Аз Анас ибни Молик (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) гуфт: Ҳар кӣ хурдсоли моро раҳм накунаду бузургсоли моро бузург надорад, аз (аҳли суннату равиши) мо нест. («Саҳиҳу-л-ҷомиъ»-и Шайх Албонӣ; 5445, ҳадиси саҳиҳ аст.)


3
Аз Абдуллоҳ писари Аббос (Худо аз ӯ хушнуд бод) ривоят аст, ки гуфт: Фиристодаи Худо (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) бар бӯриёе хобиду аз хоб бархост ва буриё бар паҳлуяш асар гузошта. (Мо саҳобагон) гуфтем: Эй Фиристодаи Худо, агар барои (хобидани) ту бистар(-и зебо ва рахтхоби нарм)-е месохтем (, барои хобидану осуданат аз ин бурёи сахти дурушт беҳтар мебуд). Ман дунёро чӣ кунам (, яъне ман ба дунё чӣ кор дорам, ман ба дунё ҳеҷ меҳру улфату муҳаббат надорам)?(Зеро ман талабгори охиратам.) Нестам дар дунё, магар монанди саворае ки (дар фасли гармои тобистон) зери дарахте дар сояаш биншинад (, то дар сояи он дарахт, аз гармо биёсояд ва истироҳат мекунад), сипас рахт бармебандад ва он дарахтро тарк мекунад. ( «Саҳиҳу ва заъифу сунани-т-Тирмизӣ»-и Шайх Албонӣ; 2377, ҳадиси саҳиҳ аст ва «Ас-силсилату-с-саҳиҳа»; 438, 439, 230, ҳадис аз рӯи шоҳидҳояш саҳиҳ аст.)
 
   
 
This website was created for free with Own-Free-Website.com. Would you also like to have your own website?
Sign up for free